25 Ноябр 2025 - 14:05
Source: ABNA
Таъкиди Макрон бар ҳифзи қудрати боздорандагии Аврупо дар муқобили Русия

Раисиҷумҳури Фаронса бар ҳифзи қудрати боздорандагии Укроин ва Иттиҳодияи Аврупо дар муқобили Русия таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, дар мусоҳиба бо радиои «Эр-Те-Эл» хотирнишон кард: Порис набояд дар баробари таҳдиди Маскав, заъф нишон диҳад. Кремл нисбат ба солҳои гузашта, мавзеи «бисёр таҷовузгароёнатар» (муҳоҷимона) иттихоз кардааст.

Вай афзуд: Намоиши заъф дар баробари ин таҳдид иштибоҳ аст. Агар мехоҳем аз худ дифоъ кунем, бояд нишон диҳем, ки дар баробари қудрате, ки бештарин таҳдидро барои мо эҷод мекунад, заиф нестем.

Раисиҷумҳури Фаронса дар вокуниш ба тарҳи сулҳи пешниҳодии Амрико барои Укроин, бар зарурати қудратнамоии аврупоиҳо ва тасмимгирии мустақил дар бораи истифодаи дороиҳои масдудшудаи давлати Русия таъкид кард.

Вай афзуд: Аврупоиҳо бояд дар бораи дороиҳои масдудшудаи Русия, ки умдатан дар Белгия нигаҳдорӣ мешаванд, худ тасмим бигиранд.

Ин мақоми фаронсавӣ, зимни қадрдонӣ аз тарҳи сулҳи Вошингтон гуфт: Ин тарҳ ниёзманд ба ислоҳ аст ва мо хоҳони сулҳ ҳастем, на таслим шудан.

Макрон ҳамчунин аз аврупоиҳо хост то заъф нишон надиҳанд, зеро мумкин аст ин мавзӯъ, Русияро дар тақобили роҳбурдӣ (стратегӣ) бо Аврупо, ҷасуртар созад.

Вай афзуд: Тамоми баҳсҳо дар Женева, бар мухолифат бо маҳдуд кардани нерӯҳои укроинӣ мутамарказ буд. Ҳеҷ маҳдудияте набояд таҳмил шавад; аввалин тазмини амниятӣ барои укроиниҳо ва мо, нерӯи мусаллаҳи пурқудрат аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha